АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
ДАР ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои ҷаҳон бо таҳдидҳои ҷиддии ифротгароӣ ва терроризм дучор шуда истодааст. Бо дарназардошти Стратегияи кунунии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар асоси Стратегияи қаблӣ барои солҳои 2016-2020 Ҳукумати Тоҷикистон азми қавиро барои идомаи кӯшишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм зоҳир намуд. Ба Прокуратураи генералӣ вазифа гузошта шудааст, ки татбиқи Стратегия ва Нақшаи амали онро ҳамоҳангсозӣ намояд.
Стратегия ба фаҳмиши ҳамаҷонибаи сабабҳои аслӣ ва оқибатҳои мураккаби ифротгароии хушунатомез ва терроризм барои давлат ва ҷомеа дар маҷмӯъ асос ёфтааст. Пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм саҳмгузорӣ ва талоши муштараки сохторҳои сершумори давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, рӯйкарди Стратегия рӯйкарди тамоми ҳукуматро бо рӯйкарди тамоми ҷомеа дар худ муттаҳид мекунад.
Бо мақсади фароҳам овардани имконият ба Прокуратураи генералӣ барои иҷрои самараноки вазифаҳои ҳамоҳангсозии татбиқи Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳои он Котибот таъсис дода шудааст. Вазифаи Котиботи мазкур аз он иборат аст, ки банақшагирӣ, роҳбарӣ, мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Стратегия дар як шакли ҳамоҳангшуда дар байни субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатии миллӣ ва байналмилалӣ сурат гирад.