ФОНДИ МИЛЛИИ «ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ – ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ»

БАРНОМАҲО

Маълумоти умумӣ

Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим – шоҳроҳи ваҳдат»» моҳи майи соли 1999 таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бақайдгирии охирин 30 сентябри соли 2024 (№ ИҶ 493 “Б”) сурат гирифт. Фонди миллии мазкур  яке аз ташкилотҳои ҷамъиятии бонуфузи  кишвар буда, саъю кӯшиши давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалиро барои ноил шудан ба ваҳдати миллӣ, рушди сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими сулҳ муттаҳид менамояд.

Фонди миллии мазкур аз замони таъсисёбӣ дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ фаъолона иштирок намуда, узви Шӯрои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон мебошад. Дар ҷаласаҳои Шўрои Ҷамъиятӣ  намояндагони Фонди миллӣ фаъол иштирок намуда, гузоришҳои таҳлилӣ, пешниҳодҳои илмӣ ва ташаббусҳоеро, ки ба муттаҳидсозии ҷомъеа нигаронида шудаанд, баён мекунанд.

 Дастовардҳо ва ташаббусҳои асосӣ.

  1. Аввалин Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумии Осиёи Марказӣ (1999) бо дастгирии Сафорати Швейтсария дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Хунармандони Кирғизистон, Узбекистон ва Казоқистон иштирок доштанд. Фестивал асоси ташаккули робитаҳои фарҳангии байни халқҳои минтақа гардид.
  2. Лоиҳаи «Корвонҳои Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат»: Нахустин Корвон (дар масири: ағбаи Кулма - Мурғоб - Хоруғ - Кӯлоб - Душанбе - Айнӣ - Хуҷанд – Исфара) соли 1999 бахшида ба дувумин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баргузор шуда буд. Санади рамзӣ: Аз хоки ҳар як ноҳияи кишвар хоки маҳалро ҷамъ намуда, аз он «Кӯзаи Ваҳдат» сохта, ба Сарвари давлат тақдим гардид.Корвонҳои минбаъда (солҳои 2000, 2002, 2006, 2022) тамоми манотиқи Тоҷикистонро фаро гирифта, як унсури муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ гардиданд.
  3. Сохтмони Осорхонаи байналмилалии Шоҳроҳи Абрешим: Лоиҳа аз 10 толори этнографӣ, китобхона, пажӯҳишгоҳи мерос, толорҳои конфронс ва майдонҳои намоишгоҳ иборат аст.

Самтҳои асосии фаъолият

  1. Тақвияти ваҳдати миллӣ:
  • Ташкили Корвонҳои сулҳу ваҳдат.
  • Гузаронидани чорабинихои маданию маърифатй ва сиёсй.
  • Пешбурди сиёсати сулху амонй, ки бо ташаббусҳои Пешвои миллат.
  1. Тадқиқоти илмӣ ва таҳлилӣ:
  • Нашри монографияи «Рохи бузурги абрешим. Таърихи ташаккул, нашъунамо ва таназзул».
  • Иштирок дар конфронсҳо, симпозиумҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ.
  • Таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ барои Ҳукумати Тоҷикистон.
  1. Мероси фарҳангӣ:
  • Тарғиби саҳми мардуми тоҷик дар рушди Роҳи бузурги абрешим.
  • Ташкили фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои таърих, санъат ва фарҳанг.

Ташаббусхои асосии даҳсолаи охир:

  1. Лоиҳаҳои муштарак бо созмонҳои байналмилалӣ:

Ташаббусҳо ба таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ, пешгирии ифротгароӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд.

  1. Пешбурди дипломатияи илмӣ: Иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ бахшида ба ташаббуси чинӣ “як камарбанд ва як роҳ”.

3.Пешбурди зарурати ҳамгироии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бо ташаббуси бузурги чинӣ “Як камарбанд,як роҳ”.

3. Барномаҳо барои ҷавонон: Ташкили курсҳо ва тренингҳо барои ҷавонон. Ба ташаббусхои маданию чамъиятй чалб намудани чавонон.

ТАМОС

АБДУГАНИ МАМАДАЗИМОВ

раиси Фонди миллй 

"Шоҳроҳи абрешим - шоҳроҳи ваҳдат"

Тел.: +992 98 530 5070

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.