Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифати шаҳрвандӣ» ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, ғайритиҷоратӣ ва ғайрисиёсӣ буда, фаъолияти худро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ” соли 1999 таъсис ёфта, шахси ҳуқуқӣ буда, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон 03.02.2023 таҳти № ИЧ 727 “Б” аз қайд гирифта шудааст, дорои Шаҳодатномаи бақайдгирӣ, Оинномаи ташкилот ва дигар ҳқҷҷатҳои таъсисӣ мебошад.
Ҳадафи ташкилот: Дастгирии ҳамаҷониба барои эҳё ва таҳкими устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сафарбаркунии он ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоии қишрҳои камбизоати аҳолӣ, занон ва ҷавонон ва гузаронидани корҳои хайриявӣ.
Самтҳои асосии фаъолият инҳоянд: Дастгирии таҳкими оила ва нақши он дар ҷомеа, баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, тарғиби арзишҳои оилавӣ, пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ дар ҷомеа (хусусан занону кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон), радикализм, экстремизми хушунатомез, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои муҳими иҷтимоӣ, ҳифзи саломатии инсон, мусоидат ба таъмини амнияти иҷтимоии шахсони эҳтиёҷманд, таҳким ва тавсеаи ҳамкории муштарак бо мақомоти давлатӣ, рушд ва фаъолсозии фаъолияти занону ҷавонон ва дигар гурўњњои ањолї, њифзи муњити зист ва амнияти экологї, њамкорї барои баланд бардоштани маърифати иттилоотии љомеањои мањаллї дар самти пешгирии ифротгароии хушунатомез ва радикализм дар марњилањои аввал тавассути семинару конфронсњо, тренингњо, мизњои мудаввар, чорабинињои фарњангию варзишї, таъмини маводи иттилоотї ва ѓайраҳо, офиятбахшӣ ва реинтегратсияи шаҳрвандони дорои гузаштаи ифротгароӣ ва террористӣ бо роҳи расонидани кӯмаки равонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва мусоидат дар таъмини ҷойҳои корӣ, инчунин ҳуқуқӣ ва дастгирии иљтимоии гурўњњои камдаромади ањолї, гурезањо, муњољирони маљбурї ва мењнатї ва аъзоёни оилањои онњо, гурўњњои аќаллияти ањолии муқимии Тољикистон. Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифати Шаҳрвандӣ» дар бахши ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, ба ҳайати Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ барои «Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм» шомил аст.
Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифати Шаҳрвандӣ» таҷрибаи кор бо БРСММ-ро дорад, дар ҳамкорӣ бо БРСММ як қатор лоиҳаҳоро амалӣ кардааст, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ACTED, ALERT –international дар Тоҷикистон лоиҳаҳоро оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни занону ҷавонон, тавсеаи ҳуқуқ ва тавонмандсозии занони осебпазир тавассути омӯзиши касбӣ ва дастгирии иқтисодӣ, инчунин муттаҳид намудани ҷавонон: тоҷикон ва гурезаҳои афғон барои пешгирии хатарҳои тағйирёбии иқлим ва ғ.
Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифати Шаҳрвандӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон фаъолият дорад. Ташкилот бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аҳолӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва васоити ахбори омма робитаи хуб ба роҳ мондааст, ки ин арзиш ва ахамияти хоса дорад, зеро он барои ба рох мондани робита, мӯҳлати кӯтоҳ, самаранок истифода бурдани вақт ва захираҳое, ки барои лоиҳа ҷудо карда шудаанд, заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҳамаи лоиҳаҳо дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои масъули давлатӣ дар минтақаҳои ҳадафманд амалӣ мешаванд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифати шаҳрвандӣ» дорои заминаи кофии моддию техникӣ дар татбиқи фаъолияти лоиҳавӣ дар доираи якчанд лоиҳа мебошад.
ШОКИРОВА МАЪРИФАТ
Иҷрокунандаи Директор
Телефон: (+992) 918-48-94-44
e-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.;
Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
ХОЛОВ НАСИМДЖОН
Бухгалтер
телефон: (+992) 93-588-88-98
Адрес: 735400, город Вахдат, улица Туграл-19 В