ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ «АССОТСИАТСИЯИ ЗИЁИЁНИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН»

БАРНОМАҲО

Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмию техникии Тоҷикистон» (ТҶ «АЗИТ») ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, ба рушди ислоҳоти демократӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рохи самаранок истифода бурдани потенциали интеллигенсияи  илмӣ-техникӣ ва пурзур намудани роли сектори гайритиҷоратӣ бо рохи ба амал баровардани барномаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ, ҳамоҳангсозӣ, таълимӣ ва машваратӣ мусоидат менамояд.

Ташкилот 18 сентябри соли 1995 таъсис ёфтааст. Бо сабаби тағйир ёфтани суроғаи ҳуқуқӣ 19 феврали соли 2020 бо рақами 261 «Д» аз нав ба қайд гирифта шудаст.

Самтҳои асосии фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «АЗИТ»:

  • Ёрӣ ба баланд бардоштани дарачаи некуахволии аҳолӣ.
  • Мусоидат ба татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, амният ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ;
  • Таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ, барномаҳои солимии ҷомеа, дастгирии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.
  • Таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ;
  • Гузаронидани тадқиқот;
  • Рушди ташкилӣ ва идоракунӣ;
  • Татбиқи барномаҳои бехатарии ҷомеа
  • Татбиќи барномањои гендерӣ.
  • Барномаҳои ҷавонон;
  • Мусоидат дар пешгирӣ ва паст кардани сатҳи муноқишаҳо тавассути барномаҳои таълимӣ ва машваратӣ;Ҳифзи муҳити зист; 

Дар тамоми давраи фаъолияти созмон лоиҳаҳои зиёди иҷтимоӣ ва таълимӣ, лоиҳаҳое, ки ба гузаронидани намудҳои гуногуни тадқиқот, лоиҳаҳои гендерӣ нигаронида шудаанд, дастгирии занон, барномаҳои рушди ҷавонон, дастгирии грантӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм амалӣ гардиданд.

Ташкилоти ҷамъиятии АЗИТ муассиси Шабакаи созмонҳои ғайриҳукуматии водии Фарғона «Водии сулҳ» мебошад.

Ташкилоти ҷамъиятии «АЗИТ» ташкилкунандаи ҳамоҳангсози Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оид ба маориф мебошад, ки ҳадафи он мусоидат ба таҳсилоти босифат ва фарогир дар тамоми ҳаёт барои ҳама мебошад.

Дар тӯли таърихи худ ТҶ “АЗИТ” бо бисёр созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кардааст. Таҷрибаи корӣ бо сохторҳои СММ, аз қабили UNDP, UNICEF, UN Women дошта, инчунин бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Оксфам Дания, Иттиҳоди Аврупо, GIZ, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, BOMCA 10 ҳамкорӣ менамояд.

Ташкилоти ҷамъиятии «АЗИТ» бо мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории зич дорад.

ТАМОС

ТЮРЯЕВА МУХБИРА РАХМАДОВНА

Сарвари кулли ТҶ “АЗИТ”

+992 92 777 9015

Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.