ТҶ «ЗАНОН БАРОИ АДОЛАТ»

БАРНОМАҲО

Ташкилоти чамъиятии «Занон барои адолат» (шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ  аз 26 июни соли 2009 тахти № ИЧ ба кайди давлати гирифта шуда,  аз 5 феврали соли 2019  тахти № ИЧ-04-129-«А»  таҳти № 2098  азнав ба кайд гирифта шуд).

Мақсади асосии ташкилот ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон, шахсони дорои маъюбият,табақаҳои камбизоати аҳолӣ, расонидани ёрии  ҳуқуқии ройгон, ҷалб намудани онҳо ба соҳибкорӣ, ташкил намудани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон, гузаронидани чорабиниҳо оиди пешгирии  бемориҳои сироятӣ.

Тибқи ҳалномаи суди иқтисодии ВМКБ аз 25 апрели соли 2023 Ташкилоти ҷамъиятии “Занон барои адолат” баста шуд.

Ташкилоти ҷамъиятии  ҷумҳуриявии “Кибриё” ( шаҳодатнома дар бораи ба қҷйдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз 24 апрели соли 2024 таҳти  №2098).

Мақсади асосии ташкилот фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла амалисозии лоиҳаҳое, ки ба паст намдуни сатҳи камбизоатӣ равона шудаанд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Кибриё” суроғаи ҳуқуқӣ дар шю Душанбе дошта, айни замон филиали он дар ш.Хоруғ таъсис меёбад..Ташкилот дорои кадрҳои соҳибихтисос буда, дорои таҳҷизотҳои техникӣ барои а малӣ намудани лоиҳаҳо дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

Кормандони  дахлдор ( аз ҷумла  менеҷер,кормандони дигар) дар ягон лоиҳа оиди мавзуи номбурда фаъолият накарда бошанд ҳам, дар семинарҳои зиёд оиди пешгирӣ ва  муқовимат ба террорризм ва  экстремизми зӯровар иштирок намудаанд. Кормандони ташкилот малака ва донишҳои заруриро барои гузаронидани чорабиниҳо,  аз ҷумла фаҳмиши маънои хуби ҳассоси гендерӣ, забон, фарҳанг, инчунин таъми6ни махфияти умумӣ ва муоширати дуруст бо мақомотҳо ва тарафҳои манфиатдори дахлдор.

Хизматрасониҳои асосии ташкилот:

Расонидани кумаки ҳуқуӣ ва равонии ройгон ва махфӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣӣ дар оила;

Дар ҳамкорӣ бо дигар субъектони Қонун “Дар бораи пешгирии  зӯроварӣ дар оила” ( моддаи 7), гузронидани ҷаласаҳои иттилоотӣ, семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ оиди пешгирии зӯроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ, пешгирии савдои одамон;

Гузаронидани машгваратҳо, тайёр намудани ҳучҷҷатҳо оиди пешниҳоджди аризаҳои даъвоӣ ба суд ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила;

Иштироки ҳуқушиноси ташкилот  ҳамчун намоянда дар  маҷлисҳои судӣ, ҳифзи шахсони дучори зӯроварӣ дар оила  гардида.

Таҷриба:

Ташкилоти ҷамъиятии “Занон барои адолат” ( айни замон Ташкилоти ҷамъиятии “Кибриё) дар давоми солҳои 2014 то 2023 фаъолияти муайянро ба анҷом расонидааст. Дар ин муддат 68 адад семинарҳо гузаронида, дар онҳо 1974 нафар , аз ҷумла 1450 нафар занон ва 524 нафар мардон иштирок доштанд. Ба 833 нафар ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ҷиҳати тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои аризаҳои даъвоӣ ба суд  кумак рапсонида шуд. Ба судҳо 650 адад аризаҳои даъвоӣ  оиди руёнидани алимент, тақсими молу мулк, муайян намудани ҷои зисти кудакон  пешниҳод шуданнд

ТАМОС

ФАРОСАТМО ГАЮРОВА

Директори ТҶ «Занон барои адолат»

Тел. +992 93 836-45-45

Email: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.