Ташкилоти ҷамъиятии "САФИ" 7 марти соли 2017 ба қайд гирифта шудааст. 28 Марти Соли 2022 дар Раёсати Адлияи Шаҳри Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Фаъолияти ташкилот дар саросари вилояти Суғд (Хуҷанд, Б. Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷ. Расулов, Истаравшан, Деваштич, Истиқлол, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Шаҳристон, Мастчоҳи Куҳӣ) паҳн шудааст.
Вазифаи ташкилот: расонидани кумаки ҳамаҷониба дар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, бахусус занону духтарон, мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва васеъ намудани дастрасии хизматрасониҳои босифат дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва солимии репродуктивӣ, ташкил ва пешбурди фаъолияти хайрия барномаҳо ва лоиҳаҳои дастгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гурӯҳҳои мавриди ҳадафи созмон инҳоянд: занон ва духтарони гурӯҳҳои осебпазир, шахсони гирифтори ВИЧ/СПИД, муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо. Дар назди ташкилот Маркази дастгирӣ ва мутобиқсозии иҷтимоии занони осебпазир фаъолият мекунад, ки дар он машваратҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ, омӯзиши малакаҳои касбӣ ва худшиносӣ таъмин карда мешаванд.
Ташкилоти ҷамъиятии "САФИ" бо ташкилотҳои донорӣ аз қабили: UNFPA, UNDP, USAID, Project HOPE, PSI, Хазинаи кӯмаки фаврӣ ба гурӯҳҳои асосии аҳолии кишварҳои EECA, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамкории зич дорад.