Барномаҳо:Ташкилоти ҷамъиятии «Саёҳат» Моҳи феврали соли 2004 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 1307) ва 27 ноябри соли 2007 (№ 330А) дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Ҳадафи созмон ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои занон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу, илму маориф дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Саёҳат» бо созмонҳое, аз қабили БРСММ (UNDP), САҲА (OSCE), JICA, СБМ ҳамкорӣ мекунад. Бо дастгирии Барномаи Рушди СММ барномаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ », лоиҳаи «Ҳаёти бидуни зӯроварӣ - баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занони табақаҳои осебпазир» дар шаш ноҳияи вилояти Хатлон: Ёвон, Восеъ, Дустӣ, Чайхун, Ч.Балхӣ ва Кулоб амалӣ карда шуд. Ташкилот узви чунин шабакаҳо, аз қабили: «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ», «Аз баробарии ҳуқуқӣ то баробарии воқеӣ», «Шабакаи Осиёи Марказӣ барои муқовимат ва пешгирии ифротгароии хушунатомез». Ташкилоти ҷамъиятии «Саёҳат» дорои мутахассисони баландихтисос ва мураббиёни ботаҷрибае мебошад, ки фаъолияти ташкилотро бомуваффақият таблиғ намуда, модулҳои таълимӣ ё семинарҳоро таҳия мекунанд.