Барнома

Барномаи минтақавӣ оид ба пешгирии экстремизми зӯроварӣ дар Осиёи Марказӣ (PREVECA) аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Олмон маблағгузорӣ мешавад. Он дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон таҳти як матритсаи умумии мантиқӣ, вале бо барномаҳои ҷудогона барои ҳар як кишвар фаъолият мекунад. Ҳадафи лоиҳаи PREVECA илова намудани стратегияи пешгирикунанда ба амалияи мавҷудаи мубориза бо экстремизм ва терроризм дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон лоиҳа моҳи марти соли 2022 ба кор шурӯъ кард. Он бо Прокуратураи генералӣ ҳамчун ташкилоти асосии шарикӣ, инчунин бо дигар вазоратҳои дахлдор, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳавӣ ҳамкорӣ мекунад.

Фаъолияти лоиҳаи PREVECA дар Тоҷикистон татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-25-ро дастгирӣ мекунад. Лоиҳа дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ бо таваҷҷӯҳ ба се самт кор мекунад:

  1. Таъсиси шабакаи минтақавии коршиносон дар Осиёи Марказӣ
  2. Бардоштани донишу малака ва иқтидори кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
  3. Ташвиқоти тадбирҳои профилактикӣ нисбати гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ.
© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.