Ташкилоти Ҷамъиятии «Дунёи ҷавонӣ» моҳи январи соли соли 2011 бо ташаббуси як гурӯҳи ҷавонон ва фаъолони деҳаи Дараи Мухтор дар ҳудуди ҷамоати Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг таъсис дода шуда, дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳадафи асосии ташкилот дар навбати аввал пайванди муносибатҳои ҷавонони ноҳия ба ҷавонони дигар манотиқи ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ташкилотҳои марбут ба ҷавонон буда, дар ҳамкорӣ ба сохторҳои ҳукуматӣ, кумитаҳои ҷавонони назди Мақомотҳои худфаъолияти ҷамъияти, сохторҳои ғайри давлатӣ, дастгирии модию маънавии оилаҳои ҷавон, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва умуман ҷавонон мебошад. Саҳм гузоштан дар паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист, Ҳифзи боигариҳои табиат, ба роҳ мондани соҳаи туризм, ташкили чорабиниҳои гуногуни маданӣ, фарҳангӣ маърифатию ҳуқуқӣ, таҳия, пешниҳод ва амалисозии лоиҳаҳои гуногун мақсадҳои асосии оинномавии ТҶ ба ҳисоб мераванд.
Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҷавонӣ” аз моҳи декабри соли 2012 аъзои фаъоли Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳодатномаи иттиҳодияро соҳиб мебошад. Ташкилот статуси ҷумҳуриявӣ дошта,бо дигар ташкилотҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва давлатӣ ҳамкории зич дорад.
Шарики асоси – Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кор бо занон ва оилаи ЧТ.