Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифат» аз соли 2000 фаъолият дошта, дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон қарор дорад.
Санаи бақайдгирӣ: 25 майи соли 2000. Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифат» 5 ноябри соли 2015 таҳти рақами 1690 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Вазифаи ташкилоти чамъиятии «Маърифат»:
- Мусоидат ба коҳиши камбизоатӣ,
- рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа,
- баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа,
- рушди ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.
ТҶ «Маърифат» лоиҳаҳоро дар соҳаи:
- таълим (мусоидат ба омӯзиши занон ва духтарон дар курсҳои касбӣ)
- ҷавонон (фароҳам овардани имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои ҷавонон, гузаронидани семинарҳо дар барномаи "оғоз ва беҳтар кардани тиҷорати худ")
- баробарии гендерӣ (баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи хушунати хонаводагӣ, пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ барои занони деҳот, кӯмаки техникӣ ва тавсияҳо оид ба тавонмандсозии иқтисодии занон; омӯзиши занони деҳот, маъракаи иттилоотӣ оид ба қонуни ҶТ "Дар бораи пешгирии хушунати хонаводагӣ")
- тандурустӣ (маъракаи иттилоотӣ дар БОРАИ ВНМО ва солимии репродуктивии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо).
Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифат» дар саросари кишвар фаъолият дошта, бо мақомоти давлатӣ, инчунин дигар созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ мекунад.
Маърифат таҷрибаи кор бо агентиҳо ва донорҳои байналмилалӣ, аз қабили Сафорати ИМА, EFCA, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТБМ ва САҲА дорад.