ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИЯВИИ «АФИФ»

БАРНОМАҲО

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2003 ба ҳайси Намояндагии ташкилоти башардӯстонаи Ҳолландии AIDS Foundation East-West (AFEW) оғоз кард. Соли 2013 Намояндагии AFEW дар Тоҷикистон мақоми ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ бо номи «AFEW-Тоҷикистон»-ро соҳиб гашт. Соли 2019 «AFEW-Тоҷикистон» ҳамчун Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» (ТҶҶ «Афиф») аз нав ба қайд гирифта шуд. ТҶҶ «Афиф» дар Душанбе дафтари марказӣ ва дар шаҳри Бохтар намояндагӣ дорад.

ТҶҶ «Афиф» мувофиқи ваколат ва Оинномаи худ дар тамоми кишвар лоиҳаҳоро амалӣ менамояд. Ташкилот барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ тавассути иштирок дар татбиқи стратегияҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сифати зиндагӣ, саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суботи иқтисодӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва огоҳонӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори ташкилотҳои шарик кӯшиш менамояд. ТҶҶ “Афиф” дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ беш аз 60 лоиҳа амалӣ кардааст.

Кори Ташкилот дар асоси нақшаҳои стратегии сесола ба роҳ монда мешавад. ТҶҶ «Афиф» бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикон ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳо имзо кардааст. Баҳрагирандагони лоиҳаҳои ташкилот дар тарҳрезиву таҳияи барномаҳо ва баҳодиҳиву арзёбии он иштирок мекунанд.

Ташкилот барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ ва кӯмак ба баҳрагирандагон аз воситаҳои муосири технологӣ истифода мебарад. Дар сомонаи расмии ташкилот https://afif.tj хизматрасонии ройгони мушовири бархат дастрас аст. Ҳама корбарони сомона, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, метавонанд, ки бо саволҳои худ ба мушовирони бархат оид ба ВНМО/БПНМ, сил, гепатитҳои вирусӣ, бемориҳои занона, САҶИ ва бемориҳои пӯст, равоншиносӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намоянд ва ҷавоб гиранд.

Лоиҳаҳои амалкунанда:

  1. Мусоидат дар пешгирӣ ва мубориза бо гепатитҳои вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Давраи иҷроиш: Аз 15 апрели соли 2024 тo30 апрели соли 2025.

Ҷуғрофияи лоиҳа: шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Ваҳдат 

  1. Лоиҳаи USAID оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон

Давраи иҷроиш: Аз 16 январи соли 2023 то 30 сентябри соли 2025

Ҷуғрофияи лоиҳа: шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Леваканд, н.Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ,  Балхӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Н.Хусрав, Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон,  Ҷайҳун, Панҷ. 

  1. Тақвияти хизматрасонии тавонбахшӣ дар системаи тандурустӣ"

Давраи иҷроиш: Аз 1 октябри соли 2019 то 31 декабри соли 2024.

Ҷуғрофияи лоиҳа: шаҳри Душанбе

ТАМОС

ИКРОМ ИБРАГИМОВ

Директор

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: +992 93 583 25 78 (маъмурият)

Суроға: 734043, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. М.Раҳимӣ 11-230.

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.