Вазифа, соҳаҳои фаъолият, фарогирии ҷуғрофӣ:
Ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» 26 декабри соли 1996 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Перерегистрацияи охирин: 14 ноябри соли 2017, шаҳодатномаи рақами 363 «В».
Маром: Ташкилот ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, татбиқи барномаҳои иҷтимоии муҳим ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ равона шудааст.
Фарогирии ҷуғрофӣ: Дафтари марказӣ дар шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон; намояндагиҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сангвор ҷойгиранд.
Самтҳои асосии фаъолият:
Рушди барномаҳои реабилитатсия, реинтегратсия ва рушди иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир ва дигар шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд (занҳо ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, гурезаҳо, шахсони бе шаҳрвандӣ, муҳоҷирон).
Кор бо гурӯҳҳои осебпазир (шахсони имконияташон маҳдуд, шахсони гирифтори ВНМО/СПИД).
Ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, қабули қарорҳо, пешгирии низоъҳо ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо.
Дастовардҳо:
Ташкилот бо зиёда аз 400 ТҶ (ташкилотҳои ҷамъиятӣ)-и Тоҷикистон шарикӣ ва ҳамкорӣ барқарор кардааст. Дар доираи мубодилаи таҷриба байни ТҶ-ҳои Осиёи Марказӣ 5 сафари омӯзишӣ ташкил шудааст. Зиёда аз 3000 корманди ТҶ-и вилояти Хатлон дар 35 мавзӯи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ омӯзонида шуданд. Бо кӯмаки «Фидокор» тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар бораи сабти ҳатмии грантҳо ворид карда шуд. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилот як шакли ягонаи ҳисоботи солонаи ТҶ-ро ҷорӣ намуд. 500+ зан дар шаҳри Бохтар дар Маркази омӯзиши калонсолон курсҳои касбӣ гузаштанд, 250 нафар малакаи тартиб додани нақшаҳои тиҷоратиро такмил доданд. 25 стартапи гурӯҳии занон, ки хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ мебошанд, дастгирии техникӣ гирифтанд. 70 гурӯҳи худёрӣ барои ғизодиҳии занон таъсис дода шуда, 1016 зан аз 3 ҷамоати ҳадафноки ноҳияи Сангвор фаро гирифта шуданд.
- 134 зан аз ноҳияи Сангвор дониши худро дар мавриди ғизои солим ва модарии бехатар баланд бардоштанд.
Маблағгузорони қаблӣ ва ҳозира:
- USAID
- UNDP
- UNFPA
- Welthungerhilfe (German Agro Action)
- Сафорати ИМА дар Тоҷикистон
- Fair and Sustainable Development Solutions (FSDS)
- Дафтари барномаҳои САҲА дар ш. Душанбе
- UN Women
- Eurasia Foundation of Central Asia/Тоҷикистон
- Намояндагии Eurasia Foundation дар Ҷумҳурии Қазоқистон
- Пажӯҳишгоҳи Ҷон Сноу (JSI), Қазоқистон
- “СПИД Фонд Восток-Запад/Тоҷикистон” (AFEW)
- HELVETAS Swiss Intercooperation