Ташкилоти чамъиятии «МИР – Маркази Имконият бахри Рушд» (минбаъд ТҶ «МИР») – ташкилоти ҷумҳуриявӣ, ғайритиҷоратӣ, ғайрисиёсӣ буда, фаъолияти худро тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
ТҶ МИР соли 2009 таъсис ёфтааст ва шахси ҳуқуқӣ буда, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон 29 январи соли 2021 таҳти рақами № ИЧ 1963 ба қайд гирифта шудааст дорои Шаҳодатномаи бақайдгирӣ, Оинномаи ташкилот ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ мебошад.
Ҳадафҳои асосии ташкилот: Ба вуҷуд овардани шароити фазои фаровон барои зиндагии сазовори аҳолӣ тавассути ҷалб намудани қишри фаъол ва ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва занон дар ҷараёни рушди кишвар ва баланд бардоштани мавқеъ ва маънавиёти онҳо.
Самтҳои асосии фаъолияти ташкилот ин: таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ оид ба рушди соҳибкории ҷавонон ва занон, таҳияи Барномаи роҳнамоӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон (аз ҷумла минтақаҳои наздисарҳадӣ), таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани иқтидори созмонҳои ҷамъятии шахрвандӣ, дастгирии ташаббусҳои иқтисодии маҳаллӣ барои занон, татбиқи барномаҳои ҷавонон, аз ҷумла дастгирии соҳибкории ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ нисбати занону духтарон, баробарии гендерӣ, рушди иқтисодии ҷомеаҳо, татбиқи барномаҳо оид ба паст кардани сатҳи низоъҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва амнияти ҷомеа, татбиқи сиёсати адвокасӣ ва барномаҳои тадқиқотӣ мебошад.
ТҶ МИР дар бахши шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолона амал мекунад, узви Эътилофи ташкилотҳои ҷамъятии Тоҷикистон оид ба пешбурди баробарии гендерӣ “Аз баробарии ҳуқуқӣ то баробарии воқеӣ”, узви Шӯрои машваратии ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд мебошад.
ТҶ МИР таҷрибаи кор бо оҷонсиҳои СММ дорад ва дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ, СММ Занон ва Хазинаи кудакон СММ як қатор лоиҳаҳоро амалӣ кардааст. ТҶ МИР лоиҳаҳоро бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, The BEARR Trust (Англия), Internews Network Inc. дар Тоҷикистон, Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), Намояндагии Фонди Авруосиё, ICNL, Hilfswerk International, Фонди Мақсадноки Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии амалҳои хотима додан ба зӯроварӣ нисбати занон амалӣ мекунад.
ТҶ МИР дар тамоми ноҳияҳои НТҶ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон фаъолият мекунад. Байни ТҶ МИР аҳолӣ, мақомоти иҷроия, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ВАО робитаҳои хуб ба роҳ монда шуда, ташкилот дар амалигардонии лоиҳаҳои онҳо фаъол мебошад. Ҳама лоиҳаҳо дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои масъули давлатӣ дар сатҳи минтақаҳои мавриди ҳадаф амалӣ карда мешаванд.
ТҶ МИР барои амалӣ намудани чорабиниҳои лоиҳавӣ дар доираи якчанд лоиҳаҳо заминаи кофии моддию техникӣ дорад.