Тибқи бандҳои 34-35 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои Стратегия ва дигар барномаҳои давлатӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, инчунин назорат ба рафти амалишавии онҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Бо мақсади пешгирии такроршавии чорабиниҳои гуногун ва мусоидат дар баргузории чорабиниҳои субъектони болозикр саволномаи зеринро хонапурӣ карда, фиристед.

Барои баррасии саривақтии дархост хоҳишмандем маълумоти дархостшударо пурра дарҷ намуда, мактуб ва маводҳои заруриро илова намоед.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУРОҶИАТКУНАНДА:

Номгӯи ташкилот, рақами бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ (агар чунин бошад) дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, макони ҷойгиршавӣ ва самтҳои асосии фаъолияти ташкилот, суроға ва рақамҳои тамос, азҷумла почтаи электронӣ, ташкилоти донор (агар чунин бошад).

Замима намудани мактуби расмӣ ё ҳуҷҷати иловагӣ
МАЗМУНИ МУРОҶИАТ:

Номгӯи чорабини(ҳо)-и банақшагирифташуда, дар кадом муҳлат, дар кадом шаҳру ноҳияҳо, бо кадом мазмун, ҳадаф ва муҳтавои чорабинӣ, доира ва шумораи иштирокчиён, азҷумла аз ҷониби мақомоти давлатӣ, бо мақсади татбиқи кадом банди кадом барномаи давлатӣ, дигар маълумоти ҷолиби диққат. Барномаи чорабинӣ замима карда мешавад.

Замима намудани ҳуҷҷати иловагӣ
САРЧАШМАИ МАБЛАҒГУЗОРӢ (Маълумот дар бораи донор):

Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорат ё консулгарии кишвари хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ, ташкилоти ғайридавлатии хориҷӣ, ташкилоти ғайридавлатии миллӣ (маҳаллӣ), дигар. Нусхаи тендер дар бораи эълони грант, нусхаи қарордод бо донор ва буҷҷаи он замима карда мешавад. Лутфан нишонии донор ва шахси тамоси донорро ишора намоед.

Замима намудани ҳуҷҷати иловагӣ
МАВЗУЪҲОИ (МОДУЛҲОИ) ЧОРАБИНИҲОИ ОМӮЗИШӢ:

Дар кадом мавзуъҳо ба шунавандагон семинар, тренинг ё дарс гузаронида мешавад (дар алоҳидагӣ оид ба ҳар кадом мавзуъ)

Матни баромади (модули таълимии) коршиносон (лекторон) замима карда мешавад.
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАМАИ КОРШИНОСОНИ ҶАЛБШАВАНДА:

Насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд..

Тарҷумаи ҳоли коршиносон замима карда мешавад.
ИНТИЗОРИҲО АЗ НАТИҶАИ ЧОРАБИНИҲО:

Ташкили ҷойҳои нави корӣ; баланд бардоштани иқтидори зеҳнии иштирокчиён, паст шудани сатҳи тундгароӣ ё дигар натиҷае, ки интизор меравад.

ҶАМЪБАСТ:

Пешниҳоди ҳисобот ба мақоми ҳамохангсоз ва татбиқкунанда: пешниҳод ва тавсияҳо

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.