Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2025 (минбаъд Стратегия номида мешавад) ба фаҳмиши ҳамаҷонибаи сабабҳои аслӣ ва оқибатҳои мураккаби ифротгароии хушунатомез ва терроризм барои давлат ва тамоми ҷамъият асос ёфтааст. Аз ин рӯ, рӯйкард ба муқобили таҳдидҳои ифротгароии хушунатомез ва терроризми Стратегия рӯйкарди тамоми ҳукуматро бо рӯйкарди тамоми ҷомеа муттаҳид намуда, дар он эътироф карда мешавад, ки дурнамои дарозмӯҳлат ва кӯтоҳмуддат бояд мутавозин бошанд ва чораҳои таъмини тартибот ва татбиқи қонунҳо бо доираи васеи тадбирҳои пешгирикунанда алоқаманд ва якҷоя карда шаванд.
Дар Стратегия ба Прокуратураи генералӣ вазифа гузошта шудааст, ки ҳамчун мақоми умумии ҳамоҳангсоз барои татбиқи Нақшаи амали Стратегия мутобиқи бандҳои 34-35-и Стратегия ва банди 2-и фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №187 аз 1 июни соли 2021 амал кунад. Барои иҷрои самараноки ин вазифа Котибот доир ба татбиқи Стратегия таъсис дода шудааст. Он ба банақшагирии муассир, роҳбарӣ, мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Стратегия имкон медиҳад. Ин татбиқи самараноки Стратегияро бо дарназардошти рӯйкарди тамоми давлат ва тамоми ҷомеа таъмин менамояд.
Котибот сохтори муваққатии институтсионализатсияшуда мебошад, ки таҳти назорат қарор дорад, аммо на дар доираи занҷираи муқаррарии тобеъияти Прокуратураи генералӣ.
Котиботи мазкур панҷ вазифаи асосии зеринро иҷро мекунад:
- Роҳбарӣ ва назорат
- Банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии умумӣ
- Муколама ва ташкили шабака (ташаккули робитаҳо)
- Иттилоот ва муошират
- Мониторинг ва арзёбӣ.