Ташкилоти ҷамъиятии « Ассотсиатсияи « Зан ва Ҷомеа » ( АЗҶ ) соли 1995 ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ таъсис ёфтааст. Соли 2012 АЗҶ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун ташкилоти чамъияти Ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар тӯли фаъолияти худ АЗҶ бо созмонҳои байналмиллалӣ ба мисли Фонди Сорос, Фонди Авруосиё, Корпоратсияи Прагма, Мама Кэш, Хазинаи Глобалӣ, IREX, ACTED, UNDP, NSIFT, GIZ, лоиҳаи RTLC ( USAID, IFC, USAID, IFC) ва маҳаллӣ, сохторҳои давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ намуда, якчанд барномахоро бо мақсади зерин амалӣ кард:
- Сафарбаркунӣ аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, деҳқонони хурд ва оилаҳои осебпазир барои оғоз ва таҳкими тиҷорати худ.
- Пешбурди ислоҳоти замин ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии истифодабарандагони замин оид ба масъалаҳои муносибатҳои замин ва об.
- Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути расонидани хадамоти таълимӣ ва машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ .
- Баланд бардоштани вазъи иҷтимоию иқтисодии занон ва сатҳи маърифати ҳуқуқии занон.
- Пешгирии экстремизми хушунатомез, мубориза бо хариду фурӯши одамон мардум ва дастгирии муҳоҷирони корӣ