ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ «ЗАНОНИ ШАРҚ»

БАРНОМАҲО

Ташкилоти чамъиятии «Занони Шарқ» макоми ҷумҳуриявӣ дошта, фаъолияти худро дар тамоми ҷумҳури  амалӣ  менамояд. Аммо бештар аз ҳама, ташкилот фаъолияти худро дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ маҳдуди  кишвар, водии Зарафшон, ки дар он ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, анҷом медиҳад. Ташкилот 18 майи соли 1995 дар Раёсати адлияи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 36 бо номи филиали тоҷикистонии Ассотсиатсияи байналмилалии экологии «Занони Шарқ» ба қайд гирифта шуд. Тапшкилот моҳи декабри соли 2007 аз нав бо номи ташкилоти ҷамъиятии «Занони Шарқ» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 457 «А» ба қайд гирифта шуд. Инчунин 13 апрели 2023 сол ташкилот таҳти рақами 457 “Б” бинобар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома  аз нав ба қайд гирифта шуд.

Ҳадафи ташкилот:

Ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шаҳрвандии занон ва кӯдакон, мусоидат ба рушди ҷомеа мебошад. Дар тӯли фаъолияти худ ташкилот беш аз 70 лоиҳаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар оила ва ҷомеа, ҷалби онҳо ба равандҳои рушд нигаронида шудааст, амалӣ кардааст.

Шарикони татбиқи лоиҳаҳои ТҶ «Занони Шарқ» мақомоти маҳаллӣ, DFID, USAID, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Авруосиё, Бунёди Сорос, Каунтерпарт Интернешнл, САҲА, БРСММ, СММ Занҳо, Хазинаи Глобалии Занон, Айрекс, Вирҷиния, Швейтсария мебошанд. Намояндагӣ дар Тоҷикистон, СБМ, Айрекс, Zdrav/Plus, Ҳайати Шафқат, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, NANPOT, АгроАктиви Олмон, Наҷоти кӯдакон, ACTED, Сафорати ИМА, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Фонди Байналмилалии Вирҷиния; Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Сафорати Ҷопон мебошанд.

Самтҳои фаъолияти ташкилот ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз қабили баланд бардоштани огоҳии занон ва шахсони масъули ҳалли масъалаҳои гендерӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон; пешгирии зӯроварии гендерӣ, пешгирии тарки мактаби миёна, ҷалби занон ба қабули қарорҳо ва равандҳои рушд, кор бо қурбониёни зӯроварӣ, кор бо қурбониёни савдои одамон, ҷалби қисми мардони аҳолӣ дар ҳалли мушкилоти гендерӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавонон дар бораи тундгарои хушунатомез ва ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифатнокии аҳоли оиди мухоҷирати меҳнатии қонуни ва огоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ аз хавфҳои муҳоҷирати ғайри қонунӣ инчунин таҳкими ҳамкориҳо байни ҷомеаи шаҳрвандӣ  хадамот ва сохторҳои давлатӣ дар сатҳи маҳаллӣ буда, таҳкими пешбурди муносибатҳои эътимодбахш, гирифтани таҷрибаи муштарак ва устувории байни онҳо равона гардида аст.

ТАМОС

МОҲСИМО АБДУШАҲИДОВА

Роҳбари: ТҶ “Занони Шарқ”

Суроға: ш. Панҷакент, кӯчаи Саломиддин Шарофова - 9   

Телефон барои тамос: моб:+992 92 727 31 79

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.