Ҳадафи ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) «Маркази дастгирии ҷамоати Ворух» ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони сокини ноҳияи Исфара, беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо ва мусоидат ба баробарии гендерӣ мебошад.
Ин ташкилот соли 2003 таъсис дода шудааст ва асосан лоиҳаҳоро барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон дар бораи хушунати хонаводагӣ ва ифротгароии хушунатомез бо таваҷҷӯҳ ба ҷавонон амалӣ мекунад. ТҶ «Маркази дастгирии ҷамоати Ворух» ҷиҳати сафарбар намудани саъю кўшиши ҷомеа барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва барқарор намудани инфрасохтори иҷтимоӣ чорабиниҳо мегузаронад.
Ташкилоти ҷамъиятӣ узви Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии водии Фарғона «Долина мира» - «Водии сулҳ» (www.dolinamira.org) мебошад. Дар чаҳорчӯбаи шабака ташкилот бо дигар ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ мекунад. ТҶ «Маркази дастгирии ҷамоати Ворух» бо субъектони давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намуда, бо дастгирии агентиҳои байналмилалӣ ва донорҳо, ба монанди БРСММ, САҲА, Шӯрои даниягӣ оид ба кор бо гурезагон ва Сафорати Британияи Кабир лоиҳаҳоро дар соҳаҳои зерин амалӣ мекунад:
- беҳтар намудани шароити зиндагии иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон (таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзоиши даромад; машваратҳо барои ташкили соҳибкорӣ)
- баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва баробарии гендерӣ
- пешгирии тундгарошавӣ (радикализатсия), ки боиси ифротгароӣ мегардад (лагери ҷавонон бо ширкати иштирокчиён аз Тоҷикистон ва Қирғизистон; намоишҳои театрӣ; чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ).