Slide Three

Лагери ҷавонон доир ба баландбардории маълумотнокӣ дар бораи хатарҳои тундгарошавӣ (радикализатсия) ва ифротгароӣ

Аз 21 то 25 августи соли 2023 дар доираи Барномаи пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Миёна (PREVECA), ки аз ҷониби Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) амалӣ карда мешавад ва аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Олмон маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамкорӣ бо Маркази дастгирии ҷавонони Ворух (МДҶВ), як ташкилоти маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон/вилояти Суғд лагери тобистона гузаронда шуд. Дар лагер таҳти шиори «Созандагони фардо» 45 нафар духтарон ва писарони 15-17-сола аз ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд, ки ҳадафи он аз баландбардории маълумотнокӣ дар бораи хатарҳои гуногуни тундгарошавӣ (радикализатсия) ва ифротгароӣ иборат буд.

Иштирокчиён бо мафҳумҳои дахлдори ифротгароии хушунатомез ва терроризм ва асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон шинос карда шуданд. Дар доираи мубоҳисаву машқҳои гуногуни интерактивӣ онҳо дар бораи нақши муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва усулҳои муфиди таҳлили мушкилот ва таҳияи роҳҳои ҳалли онҳо дар заминаи (контексти) пешгирии ифротгароии хушунатомез маълумот гирифтанд. Тавассути якчанд бозиҳо ва машғулиятҳо ҷавонон муоширати муассир, қабули қарорҳои муштарак ва гӯш кардани ҳамдигарро машқ карданд. Гузашта аз ин, як рӯзи пурра ба саводнокии интернетӣ ва донишҳои амалии дахлдор оид ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бахшида шуд. Бо такя ба ин иштирокчиён махсусан ҷалб карда шуданд, вақте ки аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки малакаҳои эҷодии худро истифода баранд ва барои таҳияи аксҳо ва филмҳо бо мақсади интишор дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳнамоӣ карда шуданд. Барнома бо машғулиятҳои ихтиёрии фароғатӣ, ба монанди шиноварӣ ё бозиҳо бо тӯб пурра карда шуд. Марҳилаи авҷи (ниҳоии) лагер як намоиши шоми фарҳангӣ буд, ки бо ташаббуси худи иштирокчиён омода ва роҳандозӣ шуда, дар доираи он шеър, рақсу таронаҳо аз минтақаҳои онҳо, намоиши саҳначаҳо, намоиши ҳаҷвӣ ва дигар намоишҳои бадеӣ пешкаш карда шуданд. Пас аз муҳокимаи ҷамъбастӣ ва як даври фикру мулоҳизаҳои ҷавобии амиқ дар субҳи рӯзи ниҳоӣ лагер бо шоми идона ҷамъбаст гардид, ки дар доираи он ба иштирокчиён сертификатҳо тақдим карда шуда, бозиҳои аниматсионӣ ва дискотека баргузор карда шуд.

Омори байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷавонон, ба хусус ҷавонписарон гурӯҳи синнусолиеро ташкил медиҳанд, ки ба таблиғоти ифротгароӣ ва кӯшишҳои ҷалбкунии онҳо аз ҳама бештар осебпазир мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавонон як гурӯҳи зерҳадафро барои талошҳо барои пешгирии ифротгароии хушунатомез ташкил медиҳанд. Лагер нишон дод, ки ҷавононро бо мавзӯҳои душвор, аз қабили хатари тундгарошавӣ (радикализатсия) ва ифротгароии хушунатомез ба тарзи бозӣ, омезиши мавод доир ба ин мавзӯъ, усулҳои интерактивӣ, бозиҳо ва фароғат ошно кардан ва маълумотнокии онҳоро баланд бардоштан мумкин аст. Чунин қолаби корбарӣ дар таҳкими қобилиятҳои гуногунҷабҳа, аз қабили тафаккури интиқодӣ ва (худ)таҳлили ҳамаҷониба, гӯш кардани бодиққат, ба инобат гирифтани гуногунии шахсиятҳо ва рӯйкардҳо, қабули эътиқод ва нуқтаву назари дигар, гирифтани масъулият барои ҷомеа ва ғайра кӯмак карда метавонад. Илова бар ин, лагер барои ҷавонон имконияти нодиреро фароҳам овард, ки дар фазои кушод омӯзанд ва ҷамъ оянд, ки дар он эҳтиёҷот, садо ва нигарониҳои онҳо шунида мешаванд.

Фикру мулоҳизаҳои ҷавобии иштирокчиён пурра мусбӣ буданд. Ба ғайр аз фаҳмиши хатарҳои ифротгароии хушунатомез ва огаҳӣ дар бораи нақши ҳалкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ифротгароӣ, бисёриҳо маслиҳатҳо доир ба аксу филмбардорӣ, бозиҳои интерактивӣ ва пайдо кардани дӯстони навро ба сифати як хулосаву натиҷаи асосӣ қайд карданд.

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.