ТАШКИЛОТИ ЧАМЪИЯТИИ «ИМДОДИ ГАЙРАТ»

БАРНОМАҲО

Дар бораи ТҶ: Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» моҳи январи соли 2016 таъсис ёфта, дар Раёсати адлияи вилояти Суғд бо рақами №391 ба қайд гирифта шудааст. 18 ноябри соли 2020 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон таҳти рақами №1808Б аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Ташкилоти мазкур дар шахри Конибодом филиал дорад.

Рисолат: Самтҳои асосии фаъолияти “Имдоди Ғайрат” инҳоянд:

  • Мусоидат ба шаҳрвандони камдаромад ва осебпазир дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо ба таҳсилот, меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва кӯмак.
  • Таъмини аҳолии деҳот, занону духтарон, маъюбон оид ба ҳуқуқҳо, имкониятҳо ва роххои амалӣ гардонидани эҳтиёҷоти онҳо ва худтаъминкуни тибқи стандартҳо ва меъёрҳои мукаррарнамудаи қонунгузории милли,
  • Маълумот додан дар бораи роҳҳои интиқол ва пешгирии бемории сил ва сирояти ВНМО/БПНМ, кор бо шахсони гирифтори ВНМО барои таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳимоя ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо.

Барномаҳои, ки аз ҷониби "Имдоди Ғайрат" дар солҳои 2016-2020 амалӣ шудаанд:

  1. Лоиҳаи «Кӯмак ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ» (ВИЧ/СПИД) дар дастрасии хизматрасониҳои асосӣ ва тағйир додани муносибати ҷомеа ба мардону занони гирифтори ВНМО/БПНМ дар шаҳри Конибодом.
  2. Лоиҳаи "Хати сабз" соли 2017 бо кумаки молии Иттиҳодияи Аврупо амалӣ шуд.
  3. Лоиҳаи «Такмилдиҳии ҷомеаҳои осебпазир» бо дастгирии молиявии Бунёди Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ва USAID амалӣ карда шуд.
  4. Лоиҳаи «Беҳтар намудани самаранокии марказҳои таълимии беруназмактабӣ тавассути ҷалби кӯдакон ва ҷавонони дороии маъюбон» бо дастгирии USAID.
  5. Лоиҳаи сохтмони «Маркази рӯзонаи рушди кӯдакони имконияташон маҳдуд» дар Конибодом, бо дастгирии молиявии Сафорати Ҷопон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом.
  6. Лоиҳаи сохтмони «Маркази рӯзонаи рушди кӯдакони имконияташон маҳдуд» дар Ҳуҷанд бо дастгирии молиявии Сафорати Ҷопон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳуҷанд.
  7. Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Конибодом бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
  8. Лоиҳаи ""English Access Micro-Scholarship Programme"", 2018-2020, омӯзиши забони англисӣ барои 24 донишҷӯ бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
  9. Лоиҳаи ""English Access Micro-Scholarship Programme"", 2019-2021, омӯзиши забони англисӣ барои 25 донишҷӯ бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Лоиҳаи «Бехатарии занони ҳомиладори гирифтори ВНМО ва кӯдакони гирифтори ВНМО» бо дастгирии молиявии ташкилоти ғайритиҷоратии Голландия Фонди байналмилалии AFEW.

ТАМОС

БОХИРОВА МАВЛУДА

Директор

Тел. +992 98 720-22-05

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.