ТҶ «ХУРШЕД»

БАРНОМАҲО

Ҳадафи ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) «Хуршед» аз ҳифз ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

ТҶ “Хуршед” аз соли 2006 фаъолият мекунад ва дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ташкилоти ҷамъиятӣ дар саросари кишвар фаъолият мебарад ва бо субъектони давлатӣ, инчунин дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ВАО ҳамкорӣ мекунад. Гузашта аз ин, ТҶ «Хуршед» таҷрибаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорҳо, аз қабили Сафорати ИМА, Фонди Авруосиёи Осиёи Миёна ва Фонди Кристенсен дорад. Ташкилоти ҷамъиятӣ лоиҳаҳоро дар соҳаҳои зерин амалӣ кардааст: 

  • таҳсилот (пешбурди таҳсилот барои духтарон бо мақсади идомаи таҳсил, дарсҳо оид ба кор бо компютер барои кӯдакони ятим)
  • ҷавонон (фароҳам овардани имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои ҷавонон, баланд бардоштани иқтидори рӯзноманигорони ҷавон, аз қабили курсҳои блогнависӣ, таъсиси маҳфилҳои журналистони ҷавон)
  • баробарии гендерӣ (баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ дар бораи зӯроварӣ дар оила, расонидани кӯмаки техникӣ ва роҳнамоӣ оид ба тавонмандсозии иқтисодии занон; гузаронидани тадқиқот оид ба вазъи занони соҳибкор; омӯзиш барои занони деҳот)
  • саломатӣ (маъракаи иттилоотӣ дар бораи ВНМО ва саломатии репродуктивии занон, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ дар бораи нашъамандӣ).

ТАМОС

ШАМЪИГУЛ АМИНОВА

Директори иҷроияи ТҶ «Хуршед»

Суроға: кӯчаи Бохтар 37/1, дафтари №204, шаҳри Душанбе

телефон: +992-907-330-038

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.