Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Таҳлил» (шаҳодатномаи бақайдгирии №1899 аз 10 сентябри соли 2019; шаҳодатномаи азнавбақайдгирии №1899 «А» аз 10 декабри соли 2020) дар заминаи Маркази коршиносӣ ва таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи тадқиқотчиён ва коршиносоне таъсис дода шудааст, ки намояндагони соҳаҳои гуногуни илм ва ҷомеа мебошанд.
Ҳадафи аслии ташкилот мусоидат ба рушди таҳқиқоти бунёдии илмӣ ва коршиносӣ дар бораи равандҳо ва тамоюлҳои муосир дар Тоҷикистон ва минтақа мебошад.
ТҶ «Таҳлил» дар шаҳри Душанбе қарор дошта, намояндагии худро дар вилояти Суғд (ш. Хуҷанд) дорад. Ташкилот дорои кадрҳои соҳибихтисос ва воситащою таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани тадқиқоти саҳроӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар саросари кишвар мебошад.
Кормандони дахлдор (аз ҷумла менеҷерҳо, роҳбарон ва маъмурон) дар татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла лоиҳаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез дар саросари кишвар аз соли 2010 таҷриба доранд. Коршиносони мо малака ва дониши заруриро барои гузаронидани чорабиниҳо, аз ҷумла дорои фаҳмиши хуби ҳассосияти гендерӣ, забон ва фарҳанг, инчунин риояи махфияти умумӣ ва иртиботи дуруст бо ҷамоаҳо, мақомот ва ҷонибҳои манфиатдори дахлдор мебошанд.
Хизматрасониҳои асосии ташкилот:
- Ташкил ва гузаронидани таҳлилхо, пешгӯиҳо, мониторинг, экспертиза ва фаъолияти коршиноси-таҳлилӣ дар соҳаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва иттилоотӣ, инчунин соҳаи амният;
- Пешниҳоди хизматрасониҳои таҳлилӣ, машваратӣ, иттилоотӣ, методӣ ва иттилоотӣ;
- Таҳияи хулосаҳои коршиносӣ ва маводи таҳлилӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, ҳамкориҳои фаромарзӣ ва рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Миёна ва ҷаҳон доир ба масъалаҳои сиёсӣ, бехатарӣ, муносибати байни миллатҳо, динӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, таълимӣ, масъалаҳои ҳамкории байнисархадӣ ва дигар масъалаҳо.
- Ташкилот дар кишвар лоиҳаҳои аз ҷониби донорҳо маблағгузоришаванда, аз ҷумла лоиҳаҳоро марбут ба тадқиқот ва омӯзиши гурӯҳҳои осебпазир: муҳоҷирон, занон, ҷавонон; масъалаҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Тоҷикистон ва ғайра татбиқ кардааст.
То имрӯз ба ташкилот муяссар шудааст, ки дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он як шабакаи хеле муассири коршиносон, созмонҳои илмӣ ва коршиносӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, марказҳои тадқиқотиро аз бахшҳои давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ ташкил диҳад. Дар байни шарикони ташкилот мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра мебошанд.
Таҷриба
ТҶ «Таҳлил» дар гузаронидани тадқиқот таҷрибаи ғанӣ дорад, ки дар байни онҳо инҳоро ном бурдан мумкин аст:
- Тадқиқот дар доираи Лоиҳаи пешгирии» Намояндагии корпоратсияи ғайритиҷоратӣ (КҒТ) «Search for Common Interests» дар Ҷумҳурии Қирғизистон, дар мавзўъҳои «Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020: дастовардҳо ва мушкилот», Таҳлили ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи озодии дин ва ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Миёна: ҳолатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон», «Таҳлили заминаи меъёрии озодии дин ва эътиқод: Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон».
- Таҳия ва муаррифии «Дастури методӣ оид ба гузаронидани таҳлили динӣ ва экспертизаи ҳамаҷонибаи судии равоншиносӣ ва забонӣ дар Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо коршиносони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии ғайритиҷоратии «Search for Common Interests» (SFCG).
- Ташкили «Мактаби таҳлил ва пешгӯӣ» якҷоя бо Маркази коршиносӣ ва таҳлилии ДМТ дар моҳҳои май-июни соли 2022.
- Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ доир ба масъалаҳои ҳамгироии дубора ва барқарорсозии бозгаштагон (лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва СММ ба давлатҳои Осиёи Миёна барои шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки аз Сурия ва Ироқ баргаштаанд»), декабри 2022 - марти 2023.