ТҶ «ГЕНДЕР ВА ТАРАҚҚИЁТ»

БАРНОМАҲО

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 ноябри соли 2000 бо бақайдгирии минбаъда дар солҳои 2007, 2014, 2016, 2017 ва 2021 ба қайд гирифта шудааст. Санаи охирини бақайдгирӣ 29.09.2023 с. Мебошад. Ташкилот вориси ҳуқуқии Бюрои «Занон дар рушд» мебошад, ки соли 1995 бо дастгирии Барномаи Рушди СММ (UNDP) таъсис ёфта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Ҳадафи ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» таҳкими нерӯи ҳаракати занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» ба беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодии занон, тавонмандсозии занон, пешбурди баробарии гендерӣ ва фароҳам овардани шароити баробар барои ҳамаи аъзои ҷомеа нигаронида шудааст. Ташкилот дар гузаронидани маъракаҳои васеи иттилоотию таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва чорабиниҳо, инчунин дар дастгирӣ ва татбиқи ташаббусҳои иқтисодӣ барои табақаҳои канормондаи аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» бо шарикони давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад, ки ба татбиқи самараноки барномаҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар имкон медиҳад. Ташкилот зиёда аз 80 лоиҳаро бо дастгирии донорҳои байналмилалӣ, ба монанди БРСММ, ЮСАИД, ЮНИСЕФ, ИА, АКТЕД ва ғайра амалӣ кардааст.

ТАМОС

САИДОВА НАРГИС АСРОРХОНОВНА

Электронная почта: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: +992 44 640 25 05

Мобильный: +992 880 08 55 00

Суроға: кӯчаи К.Раҳимӣ, хонаи 24, Душанбе, Тоҷикистон

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.