Ташкилоти Ҷамъиятии "Алтернатива" - ташкилоти ҷамъиятии вилоятӣ, ғайритиҷоратӣ, ки фаъолияти худро тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. ТҶ" Алтернатива " соли 2000 таъсис ефта, солҳои 2007 ва 2019 аз нав ба қайд гирифта шудааст. Бақайдгирии охирин 29.08.2019 бо рақами ИЧ 181 А анҷом дода шуд, Шаҳодатномаи бақайдгирӣ, Оинномаи ташкилот ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дорад.
Мақсади ташкилот: Ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, кор бо ҷавонон дар соҳаҳои экология, соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои занон ва ҷавонон, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон. Дастгирии самти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан занон ва ҷавонон.
Шарикони асосӣ дар 24 соли фаъолияти мо: БРСММ, Ҷамъияти Институти Кушода-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА, ФГЭ/БГХ/БРСММ, CFLI дар Қазоқистон.
Таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳо:
"Пешгирии экстремизми зӯроварӣ дар байни ҷавонон" аз оилаҳои осебпазир дар ноҳияҳои Ҷилиқул, Шаҳритус, Н-Ҳисрав, Қабадиен ва Ҷ. Балхи.
Самти лоиҳаҳои амалишудаи мо:
- Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии баргашта, дар Ноҳияҳои Шаҳритус, Н-Ҳисрав ва Қабадиен;
- Ҷорӣ намудани АИЭ, ВИЭ дар Шаҳритус;
- Тавсеаи ҳуқуқҳои иқтисодии занон ва ҷавонон тавассути таълими касбӣ ва омӯзиши тиҷорат дар ноҳияҳои Шаҳритус, Н-Ҳисрав, Қабадиен;
- Баланд бардоштани саводнокии молиявии занону ҷавонон дар минтақаҳои деҳоти ҶТ