Рӯзи 26 май дар шаҳри Душанбе Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи баррасии фаъолияти давлат ва ҷонибҳои манфиатдори онро дар мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез мизбонӣ карданд. Ҷаласаи мазкур бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир гардид, ки дар он 50 намояндаи вазоратхонаҳои маҳаллӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ ширкат варзиданд. Иштирокчиён масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез, Котиботи навтаъсиси байниидоравӣ оид ба татбиқи «Стратегияи миллӣ ва нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм» ва офиятбахшӣ/азнавшомилкунии шахсони аз минтақаҳои даргир ба ватан баргаштаро (аз ҷумла занону бачагонро) мавриди баррасӣ қарор доданд.
(20+) ✅Tajikistan’s Prosecutor... - OSCE Programme Office in Dushanbe | Facebook