Таъсиси Шабакаи ТҶШ
Тоҷикистон бо таҳдидҳои ифротгароӣ ва терроризм рӯбарӯ мешавад. Бо дарназардошти Стратегияи кунунии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар асоси Стратегияи қаблӣ барои солҳои 2016-2020 Ҳукумати Тоҷикистон азми қавиро барои идомаи кӯшишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм зоҳир намуд. Ба Прокуратураи генералӣ вазифа гузошта шудааст, ки татбиқи Стратегия ва Нақшаи амали онро ҳамоҳангсозӣ намояд.
Стратегия ҳам тадбирҳои пешгирикунанда ва ҳам муқовиматро дар бар мегирад ва дар он аҳамияти саҳми мақомоти сершумори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои татбиқи бомуваффақият таъкид карда мешавад. Сарфи назар аз фаҳмиши ҳамаҷониба дар Стратегия, мубоҳиса дар ин мавзӯъ то ҳол ба қишрҳои васеи ҷомеа нарасидааст. Маълумотнокӣ ва дониш дар бораи Стратегия ва барномаҳои ҷорӣ, ки Стратегияи Ҳукуматро дастгирӣ мекунанд, ҳанӯз ҳам маҳдуд аст, махсусан дар байни субъектони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷамъият. Таҷриба ва малакаҳои мавҷуда дар байни субъектони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираҳои хурди коршиносон ва мутахассисони амалие пароканда шудааст, ки онҳо аксар вақт мубодилаи таҷриба намекунанд ва мунтазам бо ҳамдигар ҳамкорӣ намекунанд. Гузашта аз ин, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аксар вақт ҳам дониши мавзӯъӣ ва ҳам қобилияти идоракунӣ ва амалиётӣ барои иҷрои нақши худ надоранд. Илова бар ин, эътимод ва шаклҳои муносиби ҳамкории субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба такмил ниёз доранд.
Дар баробари ин, эҳтиёҷот ва зарурат ба иштироки фаъолонаи субъектҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегия меафзояд. Татбиқи Стратегия ва Нақшаи амали он рӯйкарди тамоми ҳукумат ва тамоми ҷамъиятро тақозо мекунад, ки дар он ТҶШ бояд нақши муҳимро иҷро кунанд.
Ҳадафҳо ва вазифаҳо
Дар пасманзари дар боло зикршуда ҳадафи умумии лоиҳаи GIZ (Ҷамъияти Олмон оид ба рушди байналмилалӣ) PREVECA дар Тоҷикистон таҳкими нақш ва иқтидори ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегия буд. Лоиҳа аз ҷумла ҳадафҳои зеринро пеш гирифтааст:

Кор дар ин самти амал дар доираи лоиҳаи PREVECA чанде пас аз ифтитоҳи он дар моҳи марти соли 2022 оғоз гардид.
1.Харитабандии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ
Барои ба даст овардани шарҳи дурусти вазъияти ТҶШ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2022 як коршиноси маҳаллӣ барои таҳияи рӯйхати ТҶШ-и муносиб ба кор ҷалб карда шуд. Дар асоси ин рӯйхати пешакӣ ба шарикони дигари байналмилалӣ ва коршиносони алоҳидаи маҳаллӣ дархосту саволҳои мувозӣ ирсол карда шуданд. Ниҳоят як ташкилоти шарики маҳаллӣ аз қабили ТҶШ, Фонди Авруосиёи Осиёи Миёна (ФАОМ) муайян карда шуд, ки бо он рӯйхати ТҶШ-ҳои маҳаллии дахлдор боз ҳам ғанӣ гардонида шуд.
Дар натиҷа нақшаи (матритсаи) ҳамаҷонибаи маълумот, аз ҷумла на танҳо номҳо ва тафсилоти тамоси ташкилотҳо, балки маълумот дар бораи самтҳои ҷуғрофии фаъолияти онҳо, самтҳои малака ва таҷрибаи кор бо агентиҳои байналмилалӣ дар қатори дигар маълумот ба даст оварда шуданд.
Бо дарназардошти маълумоти пароканда дар бораи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳадафи ин қадами аввал аз ҷамъ овардани маълумот дар бораи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандие иборат буд, ки дорои таҷриба ва малакаҳои дахлдор дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва терроризми мебошанд. Матритсаи бадастомада ҳуҷҷати корӣ буда, аз ҷониби лоиҳаи GIZ PREVECA TJ мунтазам навсозӣ карда мешавад, ки онро метавон ба таври воқеӣ аввалин чунин махзани иттилоотӣ дар Тоҷикистон номид.
Он ҳамчун як махзани дониш барои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, инчунин донорҳо ва агентиҳои байналмилалӣ, ки ба шарикони иҷрокунандаи маҳаллӣ барои барномаҳо ва лоиҳаҳо эҳтиёҷ доранд, хизмат мекунад. Матритса санаи 27.12.2023 ба Прокуратураи генералӣ супорида шуд. Ба якчанд дархостҳои иттилоотии агентиҳои байналмилалӣ, аз қабили САҲА ё Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) аллакай дар давоми соли 2023 ҷавоб додан мумкин аст.
2. Мусоидат ба ташаккули робитаҳо байни ТҶШ-и маҳаллӣ
|
Ҳадафи ин самти амал на танҳо пайвастани низомноки ташкилотҳо ва коршиносони пароканда дар саросари кишвар, балки фароҳам овардани фаҳмиши муштарак дар бораи нақши ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ ва ҳавасмандгардонии рушди доираи таҷрибаҳои беҳтарин буд. Бо ин мақсад лоиҳаи GIZ PREVECA TJ бо ташкилоти маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандии ФАОМ шарикиро ба роҳ монд. Дар асоси кори қаблии ФАОМ лоиҳа ва ФАОМ якҷоя кӯшишҳоро барои иртибот бо ТҶШ-и дахлдор дар саросари кишвар ба низом дароварданд. Дар соли 2023 силсилаи панҷ вохӯрӣ дар шакли мизи мудаввар дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Ғарм, Хуҷанд ва Кӯлоб баргузор гардид, ки ба он ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ноҳияҳои гирду атроф даъват карда шуданд. Дар ин вохӯриҳо маълумоти асосӣ доир ба Стратегия пешниҳод карда шуд. Пас аз муаррифии ғояи ташкили шабака ёддошт доир ба таъсиси шабакаи расмии ТҶШ муаррифӣ ва муҳокима карда шуд.
|
![]() |
|
|
|
Дар айни замон, то моҳи декабри соли 2023 ёддошт аз ҷониби 57 ТҶШ имзо карда шудааст. Шабакаро ФАОМ роҳбарӣ мекунад ва он аз ҷониби шӯро идора карда мешавад, ки дар он ҳар як минтақаро як ТҶШ намояндагӣ мекунад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягон мизи мудаввар баргузор карда нашуд, аммо шабака ба таври аён барои ТҶШ аз ин минтақа боз аст. |
3. Ташаккули иқтидор ва омӯзиш
Ташкили шабака як қадами аввалини муфид буд, аммо ҳамаи иштирокдорон дар мувофиқа буданд, ки шабака танҳо дар сурате рушд хоҳад кард, ки агар он ба ташкилотҳои аъзо арзиши иловашуда пешниҳод кунад.
Ҳамчун як қадами аввал барои зинда кардани фаъолияти шабака ФАОМ аз аъзоён маълумотро дар бораи хизматрасониҳо ва чорабиниҳои интизории онҳо дархост кард. Аз ҷумла, аксарияти пурсидашудагон ба зарурати баланд бардоштани иқтидори мавзӯъӣ, иқтидори идоракунии лоиҳаҳо ва такмили рӯйкарди робита бо ҷомеа ишора карданд, то ба онҳо имкон диҳад, ки маблағҳои донориро беҳтар ҷалб кунанд.
Бо мақсади фароҳам овардани сатҳи якхелаи малакаҳои мавзӯъӣ доир ба мавзӯи пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез дар байни аъзоёни шабака лоиҳа чаҳор омӯзишро ба нақша гирифт ва ташкил кард, ки дар доираи онҳо ТҶШ аз тамоми гӯшаву канори кишвар фаро гирифта шуданд. Ду омӯзиши аввал дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо иштироки ширкаткунандагон аз шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Ғарм ва Кӯлоб баргузор карда шуданд. ТҶШ-и боқимонда дар семоҳаи аввали соли 2024 дар ду омӯзиш дар шаҳри Хуҷанд ширкат хоҳанд кард.

Омӯзишҳои дурӯза дар рӯзи аввал муқаддимаи амиқи мавзӯъ ва Стратегияи миллӣ ва баъдан дар рӯзи дуюм муқаддимаи асосиро дар бораи навиштани пешниҳодҳо ва идоракунии молиявӣ дар бар гирифтанд.
Ғайр аз он, дар семоҳаи аввали соли 2024 омӯзиш доир ба бехатарии технологияҳои иттилоотӣ ва робита бо ҷомеа барои ТҶШ-и ҳавасманд ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ТҶШ-и ширкаткунанда доир ба тарзҳои таҳияи маълумоте меомӯзанд, ки дар сомонаи Котибот оид ба ҳамоҳангсозии татбиқи Стратегия бо нишонаи зерин нашр карда мешавад: www.ct-secretariat.tj.
| Илова ба ин чорабиниҳо доир ба тақвияти шабакаи ТҶШ ва ба ин васила иқтидори ТҶШ тавассути омӯзишҳо, лоиҳаи GIZ PREVECA TJ рӯйкарди ташаккули бевоситаи иқтидори ташкилотҳои шарики худро дар доираи чорабиниҳои муштараки лоиҳавӣ пайгирӣ мекунад. Ин як рӯйкарди нозук ва ҳаррӯза аст, ки маслиҳатҳои методӣ, тренерӣ аз рӯи намунаро дар бар мегирад ва аксар вақт дискурси омӯзиши мутақобиларо дар назар дорад. | ![]() |
4. Тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва субъектони ҷомеаи шаҳрвандӣ
Эътимод ва ҳамдигарфаҳмии нақшҳо, масъулият ва иқтидори дахлдор дар байни субъектони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои фароҳам овардани робитаҳои мутақобила ва ҳамкориҳои судманду пурракунанда ва истифодаи беҳтарини иқтидор ва захираҳои кишвар дар пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм хеле муҳим аст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки вохӯриҳои расмие, ки дар он субъектон мандат, рӯйкард ва фаъолияти худро муаррифӣ мекунанд, ба беҳтар шудани чунин эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ он қадар саҳми калони гузошта наметавонанд. Аз ин рӯ, лоиҳаи GIZ PREVECA TJ ин ҷанбаро ҳамчун як рӯйкарди фарогир дар тамоми чорабиниҳои амалии худ доир ба татбиқсозӣ бо шарикони маҳаллӣ аз қабили ТҶШ ворид кардааст. Дар асос ва бо шарофати эътибор ва робитаи хуб бо ташкилоти шарики асосии худ, Прокуратураи генералӣ, фаъолияти лоиҳаи GIZ PREVECA TJ ҳамчун платформае хизмат мекунанд, ки тавассути онҳо шарикони татбиқкунандаи он аз қабили ТҶШ ба таври низомнок муносибатҳо ва шабакаҳоро бо мақомоти маҳаллии давлатӣ ва баръакс бунёд мекунанд.
Ин рӯйкард дар доираи фарогирӣ маҳдуд аст, аммо хеле муассир мебошад, зеро муносибатҳое, ки ба ин васила байни субъектони давлатӣ ва ТҶШ ба вуҷуд меоянд, имкони хуби устувориро дар давраи фаъолияти лоиҳа доранд ва бо мурури замон сифати шабакаҳои мустақилро ба даст меоранд. Тавассути ин рӯйкард ҷомеаи коршиносони давлатӣ ва ғайридавлатӣ оҳиста, вале мунтазам васеъ ва амиқтар мешавад.
Ҷанбаи дигари ин рӯйкард таркиби дастаҳои тренерон дар тамоми чорабиниҳои омӯзишӣ мебошад. Тавассути кор бо дастаҳои на камтар аз ду, ба таври идеалӣ се нафар тренери дорои маълумоти гуногун лоиҳа нуқтаву назари илмӣ, ТҶШ ва давлатиро ба ҳам меорад. Ин на танҳо барои расонидани паёми аслӣ дар бораи аҳамияти рӯйкардҳои тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа дар пешгирии ифротгароии хушунатомез, балки барои фароҳам овардани фаҳмиши беҳтари нуқтаву назари мухталиф дар байни ҷомеаи коршиносон муфид аст.
Нуқтаи охирин, вале муҳим ин аст, ки лоиҳаи GIZ PREVECA TJ дар заминаи тақвияти устувории ҷавонон бар зидди ифротгароӣ барои гузаронидани чорабиниҳои лоиҳа дар соли 2024 омодагӣ дида истодааст, ки чорабиниҳои мушаххасро дар сатҳи маҳаллӣ бо мақсади таҳкими эътимод ва густариши ҳамкорӣ байни субъектони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бар мегирад.
Дар матритсаи ТҶШ, ки дар натиҷаи кӯшишҳои гуногуни таҳлилии лоиҳаи PREVECA омода карда шудааст, номгӯи 130 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ оварда шудааст, ки дар атрофи мавзӯи пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез дар Тоҷикистон дар саросари кишвар кор мекунанд. Тақрибан нисфи онҳо ба якчанд даврҳои дархости хаттӣ барои маълумот посух доданд. Дар мизҳои мудаввари минбаъда бо ТҶШ, ки барои оғози фаъолияти шабакаи ТҶШ гузаронида шуданд, дар маҷмӯъ беш аз 100 ТҶШ аз саросари кишвар ҷамъ омаданд, ки то имрӯз 57-тои онҳо ёддошти шабакаро имзо кардаанд.
Андозагирии (баҳодиҳии) натиҷаҳои кӯшишҳои лоиҳа аз нуқтаи назари масъулияту соҳибӣ ва ҷалби фаъоли ТҶШ, пешрафти омӯзиш, ташакули шабакаю робитаҳои воқеӣ ё беҳтар кардани иқтидор ва самаранокӣ то ҳол имконнопазир аст, зеро ин раванд то ҳол идома дорад. Пас аз ба итмом расонидани омӯзишҳои минбаъда, варақаҳои фикру мулоҳизаҳои ҷавобӣ ба тарви низомнок арзёбӣ карда мешаванд.
Айни замон метавон гуфт, ки танҳо далели ба рӯзнома ворид кардани мавзӯи таҳкими ТҶШ ва гузаронидани чорабиниҳо дар шакли мизи мудаввар барои ТҶШ таъсири мусбӣ расонд, зеро таваҷҷӯҳ ба нақши ТҶШ афзудааст.
Якчанд шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ дар бораи чорабиниҳо дар шакли мизи мудаввар барои ТҶШ гузориш доданд. Як барномаи яксоатина дар як шабакаи телевизионии маҳаллӣ на танҳо ба намояндагони ТҶШ сухан дод, балки бо баҳси амиқи мавзӯъӣ дар бораи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм ҳамроҳӣ карда шуд. Шумораи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии ширкаткунанда дар ҷаласаҳое, ки аз ҷониби агентиҳои байналмилалӣ дар мавзӯи пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм даъват шудаанд, мунтазам меафзояд. Нуқтаи охирин, вале инчунин муҳим ин аст, ки мушкилоти барқарорсозӣ ва ҳамгироии дубораи бозгаштагон аз Сурия ва Ироқ нақши муҳими ТҶШ-ро, ки онҳо бояд дар ин замина иҷро кунанд, ба маркази таваҷҷӯҳ овард, аз ҷумла аз нуқтаи назари ҳукумат. Ин бо ташаббуси аз поён ба болои лоиҳаи PREVECA мувофиқу муносиб аст. Илова бар ин, дигар агентиҳои байналмилалӣ, аз қабили БРСММ инчунин ба гузаронидани чорабиниҳои лоиҳавӣ, ки ба таври возеҳ ба таҳкими нақши ТҶШ дар соли 2023 нигаронида шудаанд, оғоз карданд ва бо лоиҳаи PREVECA пешакӣ машварат карда, ба кӯшишҳои мавҷудаи он такя карданд. Ниҳоят, Прокуратураи генералӣ якчанд маротиба агентиҳои байналмилалиро ба лоиҳаи PREVECA равон кард, то ин ки онҳо кӯшишҳо оид ба бунёди шабакаи ТҶШ-ро истифода баранд ва омӯзанд.
