Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Гурдофарид»

Ҳадафи ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Гурдофарид» ба баланд бардоштани иқтидори ҷавонон, духтарон, ашхоси осебпазир, муҳоҷирон ва инчунин оилаҳои онҳо ва таҳкими устувории онҳо дар муқобили ифротгароии хушунатомез (ИХ) равона карда шудааст.

Ташкилоти ҷамъиятии «Гурдофарид» аз соли 2008 то инҷониб фаъолият мекунад ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарор дорад. Ташкилоти ҷамъиятӣ чорабинию фаъолиятро дар саросари кишвар мегузаронад ва бо субъектони давлатӣ, инчунин дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии (ТҶШ) маҳаллӣ ва минтақавӣ (Осиёи Миёна) ҳамкорӣ мекунад. Гузашта аз ин, «Гурдофарид» таҷрибаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорҳо, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони СММ ва Сафорати ИМА, БРСММ, ҲЕЛВЕТАС дорад. Ташкилоти ҷамъиятӣ лоиҳаҳоро дар соҳаҳои зерин татбиқ кардааст:

  • таҳсилот (курсҳои забони англисӣ, баргардонидани духтарон ба мактаб ва донишгоҳҳо, саводнокии ҳуқуқӣ)
  • пешгирии ифротгароии хушунатомез (баланд бардоштани маълумотнокӣ, омӯзишҳо, саводнокии ВАО)
  • саводнокии ВАО (таъсиси платформаи фароғатии таълимии QLEVER: qlever.asia, стратегияҳо бар зидди суханронии нафратомез дар шабакаҳои иҷтимоӣ)
  • тавонмандсозии занон ва ҷавонон (рушди иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, салоҳиятҳо оид ба сулҳофарӣ, ҲРУ)
  • мусоидат ба иштироки ҷавонон дар равандҳои қабули қарорҳо.
© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.