Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии Навзамин»

Ҳадафи ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) «Маркази дастгирии Навзамин» ба таҳкими рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути таҳияи барномаҳои таълимӣ ва шарикии иҷтимоӣ, инчунин мусоидат ба мақомоти маҳаллӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии аҳолии деҳоти вилояти Хатлон равона карда шудааст.

Ин ташкилот соли 2002 таъсис дода шудааст ва асосан лоиҳаҳоро барои беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолии деҳот дар минтақаи марзӣ ва дар саросари кишвар амалӣ мекунад. ТҶ «Маркази дастгирии Навзамин» барои тавонмандсозии ҷомеа бо мақсади ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чорабиниҳо мегузаронад. Ташкилоти ҷамъиятӣ бо субъектони давлатӣ, инчунин бо дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намуда, бо дастгирии агентиҳо ва донорҳои байналмилалӣ, аз қабили БРСММ, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Авруосиёи Осиёи Миёна лоиҳаҳоро дар соҳаҳои зерин амалӣ мекунад:

  • ташаккули иқтидор ва машварат оид ба таъсис ва рушди соҳибкорӣ
  • беҳтар намудани шароити зиндагии иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон (таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидор дар соҳаи хоҷагидорӣ; мусоидат ба дарёфти имкониятҳо барои шуғл);
  • баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ дар бораи ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон ва саломатӣ (ВНМО, ғизо).
© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.