Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф»

Ҳадафи ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф» ба баланд бардоштани нақши занон ва ҷавонон дар раванди бунёди сулҳ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ ва ифротгароии хушунатомез (ИХ) равона карда шудааст.

Ин ташкилот соли 2014 таъсис дода шудааст ва дар шаҳри Панҷакент қарор дорад. «Ҷавонони пешсаф» бо субъектони давлатӣ ва инчунин бо дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ҳамкорӣ намуда, ҳамчун пайванд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятӣ аъзои «Шарикии ҷаҳонии пешгирии низоъҳои мусаллаҳона» (GPPAC), «Шабакаи шаҳрҳои қавӣ» ва «Шабакаи Осиёи Миёна оид ба муқовимат ва пешгирии ифротгароии хушунатомез»-и Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) мебошад. «Ҷавонони пешсаф» бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорҳо, аз қабили БРСММ, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Сафорати ИМА ва Иттиҳоди Аврупо лоиҳаҳоро дар соҳаҳои зерин амалӣ мекунад:

  • баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ дар бораи зӯроварии хонаводагӣ ва тундгарошавӣ (радикализатсия)/ифротгароии хушунатомез (Маъракаҳои иттилоотӣ дар ҷомеа ва мактабҳо: намоиши театрии «Ҳаёт як бор дода мешавад», филми «100 пушаймонӣ аз Сурия»)
  • алоқаманд кардани субъектҳои гуногун (динӣ, давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ) доир ба мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ифротгароии хушунатомез
  • таҳкими саводнокии ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷавонон ва оилаҳо.
© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.